БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИ́ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҶТИМОӢ – ИҚТИСОДИИ КИШВАР

Хабарҳо

Маърифати ҳуқуқӣ воситаи ягонаи ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ тавассути таъсиррасонӣ ба шуури ҳуқуқӣ маҳсуб мешавад, ки он дар навбати худ рафтори ҳуқуқии дилхоҳ фардро муайян менамояд.

Дар ин росто таъкид кардан ҷоиз аст, ки фарҳанги ҳуқуқии ҳар миллат таърихан дар заминаи сатҳи рушди иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа ба вуҷуд омада, як навъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад ва он дар эҷод, интиқол, ҳифзи арзишҳои ҳуқуқӣ инъикос мегардад.
Аз ин рӯ шаҳрвандони ватандӯст, хусусан чавонони Тоҷикистон дар Соли маърифати ҳуқуқӣ, яъне соли 2024 дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ дар ҷомеа бояд саҳми арзанда гузоранд.

Воқеан ҳам Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи боэътимод, фарогири иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои меҳнативу дастуру супоришҳои ба ояндаи дурахшон ҳидояткунанда мебошад.

Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, ки мақсад аз он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад. Зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона мебошад, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ эҳтиром гузошта мешавад.

Вобаста ба ин дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия баргузор гардид.