Дар давоми сафари корӣ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди бештари ноҳия, мулоқоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ доир гардид.
Аснои мулоқот зикр рафт, ки мақсад аз доир сохтани ин ҳамоиш беҳтару бештар намудани саҳми соҳибкорону намояндагони бахши хусусӣ дар раванди созандагиҳо ба ифтихори истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъкид гардид, ба муносибати ин ҷашни муҳиму муқаддас дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зиёда аз 200 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар бунёду барқарор ва сохтмони ин иншоот саҳму нақши соҳибкорони маҳаллӣ ва сокинони саховатпешаи ноҳия назаррас мебошад.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ зимни мулоқот аз соҳибкорон даъват ба амал оварданд, ки дар самти татбиқи тарҳу лоиҳаҳои иҷтимоии ҳудуди ноҳия талоши бештар ба харҷ дода, бобати ободии роҳҳои маҳаллӣ, бунёду барқарор намудани иншооти хизматрасонӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва ғайраҳо саҳмгузорӣ намоянд. Зеро анҷоми ин амалҳои хайрхоҳона нишонаи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандустии соҳибкорону тоҷирони маҳаллӣ хоҳад буд.
Дар партави ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгирӣ ёфтан аз ҷониби Созмони милали муттаҳид ҷиҳати эълон гардидани 25 – май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар ҳошияи сафар бо иштироки Раиси Кумита ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ майдончаҳои варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи ин майдончаҳои варзишӣ дар рушди соҳаи варзиш заминаи воқеӣ гузошта, ҳамарӯза наврасону ҷавонон бо истифода аз ин имконият машқу тамрин намуда, бозиҳои дӯстонаро роҳандозӣ менамоянд. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода ва масъулини ноҳия бобати бунёди ин нуқтаи варзишӣ ва иқдоми ободкоронаи соҳибкор, баҳои баланд дода, таъкид ба он намуданд, ки ин амали созандагиву бунёдкорӣ ба рушди деҳот мусоидат мекунад.