Вохуриҳои судманд

Хабарҳо

Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 27 майи соли ҷорӣ баргузории сӯҳбату вохӯриҳои гурӯҳӣ таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон

роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва дигар фаъолон бо истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти 50 солагии Тоҷикистон суҳбат оростанд.

Дар мулоқотҳо оид ба баланд бардоштани ҳисси миллӣ,ваҳдату ягонагӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,гурӯҳҳои экстремистию террористӣ риояи фарҳанги либоспушӣ , дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ тарбия намудани фарзандон,

роҳ надодан ба харҷҳои нолозим, захира намудани маводи озуқа, саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал, таъмини шароити мусоид барои таълим ва ташаккули фарзандон, истифодаи босамари ҳар ваҷаб замини киштбоб, сатҳи сифати баланди таълиму тарбия,пешгирӣ аз оворагардии кӯдакону наврасон дар фасли таътил аз ҷумлаи мавзуъҳои мавриди баррасӣ дар вохӯриҳо буд.