Дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бо иштироки раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон
дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дустӣ иншоотҳои ҷашнӣ, бинои дуошёнаи муассисаи таълимии №35 иборат аз 7 синфхона дар
деҳаи Ғалаба ва бинои бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Бустон дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидаанд, ба истифода дода шуданд.
Барои саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ нафароне, ки барои сохтмони ин иншоотҳо саҳмгузорӣ намуданд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.