Натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ҷамъбаст мегардад.

Хабарҳо

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодӣ иҷтимоии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи дуюми соли 2024 таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Нусратулло ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мудири шӯъбаи иқтисод ва ояндабинии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Зуҳурзода Маҳмадсаид иштирок намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Мусозода Абдухолиқ Исо, шунида шуд.
Қайд гардид ки соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2024 ро ҷамъбаст намуда ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Оид ба иҷрои дастуру супоришҳо аз як қатор роҳбарон пурсиш ба амал оварда шуд. Дар охири кори ҷаласа намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба сухан баромада қайд намуданд,ки ҳамаи он камбудию норасогиҳое, ки дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ қайд гардиданд дар нимсолаи дуюм баҳри ислоҳи камбудиҳо чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Меҳнаткашони ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 26 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаро ки зимни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон рӯзи 25 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара қайд намуданд сармашқи кори худ намуда бо дарки масъулияти баланд баҳри пешрафту шукуфоии рушди ноҳия бо азму иродаи қавӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони ноҳия тадбирҳои мушаххас меандешанд.