ҶАШНИ 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

Аксҳо Рӯйдодҳо

Рӯзи 7 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

бо иштироки васеи аҳли ҷамоатчигии ноҳия, намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон,

намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо ва сокинон таҷлил карда шуд.

Раиси ноҳия Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон зимни баромадаш мардуми ноҳияро самимона табрику таҳният намуда, зикр дошт, ки маҳз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба ташаккули давлати тозабунёди Тоҷикистон ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

заминаҳои боэътимод гузошт. Бо дарназардошти ин тамоми корҳои азиму назаррасе, ки то имрӯз дар Ватани маҳбубамон амалӣ гардиданд, бо маҳфуми арзишманди Истиқлоли давлатӣ иртиботи қавӣ доранд.

Бо шарофати пойдории Истиқлол сокинони ноҳия зиндагии орому осуда дошта, ҷиҳати пойдору устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ азму иродаи қавӣ доранд.
Сипас, намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон зимни суханрониашон

табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлаталӣ Саидро ба саҳми кулли мардуми шарафманди ноҳия расониданд.
Дар чорабинӣ ба як қатор шахсоне, ки дар рушди нумӯи ноҳия саҳми назаррас гузоштанд, бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идома ҳунармандони бахши фарҳанг баҳри болидагии руҳияи сокинони ноҳия бо барномаи консерте таҳти унвони “Шукуҳи Истиқлол” хело ҳам ҷолиб омода намудаи хеш, табъи ҳозиринро болида гардониданд.