“ИНТИХОБОТ-2025” АБДУРАҲМОНИҶОМӢ: РАФТИ ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТИ ДАЪВАТИ НАВИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАҶЛИСҲОИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТ ВА НОҲИЯ

Хабарҳо

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ализода З.М. мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ роҳбари гуруҳи корӣ ва коршиносони КМИР

дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки фаъолон ва раисони комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихоботӣ мулоқоту вохӯрӣ ва семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар рафти баргузории вохӯрӣ аз тарафи ҳайати гурӯҳӣ корӣ оид ба рафти иҷрои Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот ва чорабиниҳои тайёри ва гузаронидани интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба иштирокдорон фаҳмонида дода шуда вохӯрии судманд гузаронида шуд.