ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА МАВСИМИ ПАХТАИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ГАРДИД

Хабарҳо
мачлис оиди накшаи пахтакори
1 августи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи кории раиси вилоят Давлаталӣ Саид баргузор гардид, ки ба масъалаи омодагӣ ба мавсими ҷамъоварӣ, харид, захира ва коркарди пахтаи соли ҷорӣ бахшида шуд.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, прокурори вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳои пахтакор, роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ, нозирони андоз, намояндагони корхонаҳои пахтатозакунӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар масъулон ширкат варзиданд.
Фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта, омодагии онҳо ба мавсими чиниши пахтаи соли 2025, воридсозии ҳаҷми воқеии истеҳсол ва коркард ба ҳисоби оморӣ, андозбандии дуруст ва назорати механизми пурраи ҷамъоварӣ то коркарди ниҳоӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ва дигар нишастҳои сатҳи давлатӣ рушди соҳаи саноатро аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва омили муҳими рушди иқтисодӣ арзёбӣ кардаанд. Дар ин замина, соҳаи нассоҷӣ ва коркарди пурраи пахта дар дохили кишвар бояд вусъат дода шавад.
Раиси вилоят таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масъалаҳои зерин равона намуд:
– фарогирии пурраи пахтаи истеҳсолкардаи деҳқонон аз ҷониби корхонаҳои коркард;
– роҳ надодан ба ҳисоботи сохтаву ғайривоқеӣ;
– таъмини андозбандии қонунӣ ва пардохти саривақтии андоз аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунӣ;
– пешгирии қочоқ ва дигар қонуншиканиҳо дар ҷараёни коркард ва интиқоли пахта;
– беҳбуди ҳисобгирии оморӣ ва таъмини шаффофият дар ҳама зинаҳои ҷамъоварӣ ва коркард.
Ба Сарраёсати омор, Раёсатҳои андоз, энергетика, стандартизатсия, метрология ва назорати савдо супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои дахлдор барои таъмини тавозуни ҳаракати пахта тибқи меъёрҳои муқарраргардида тадбирҳои мушаххас андешанд.
Бино ба иттилои масъулон, кишоварзони вилоят дар майдони беш аз 123 ҳазор гектар навъҳои гуногуни пахтаро кишт намуда, айни ҳол майдонҳо дар марҳилаи ҳосилбандӣ қарор доранд. Мутобиқи арзёбиҳои мутахассисон, ҳосили интизорӣ қаноатбахш буда, дар бархе ноҳияҳо зинаи аввали пахта аллакай ба марҳилаи чиниш расидааст.
Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар мавсими соли гузашта бо сабаби нархи паст ва пардохти дерҳангоми маблағ аз ҷониби корхонаҳои коркард, деҳқонон бо мушкилот рӯ ба рӯ гардиданд. Аз ин рӯ, ба роҳбарони соҳавӣ дастур дода шуд, ки масъалаи маблағгузории саривақтии ҳосили имсола бо сохторҳои марбута мавриди омӯзиш қарор дода шавад.
Муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин оид ба фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунӣ ва коркарди пахта дар соли 2024 гузориши муфассал пешниҳод кард.
Дар поёни ҷаласа раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба раисони шаҳру ноҳияҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои бонкӣ, мақомоти андоз, гумрук, омор, хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ва шабакаҳои барқ, инчунин дигар сохторҳои марбута супориш дод, ки назорат ва ҳамоҳангии пурраи ҷамъоварӣ, интиқол ва коркарди пахтаро ба роҳ монда, барои пешгирии ҳама гуна камбудӣ ва қонуншиканӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.