Санаи 30.09.2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.
Корҳои иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ифтитоҳ намуда, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон — мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Бобохонзода Рустамро ба иштирокчиён муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни иҷлосия масъалаи муҳим — натиҷаҳои иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муовини раиси ноҳия Неъмонзода Шарофиддин дар ин мавзуъ маърӯза намуда, доир ба ҷараёни татбиқи нақшаи корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва шарҳи лоиҳаҳои ҷашнӣ маълумоти муфассал доданд.
Сипас, вакилон ва иштирокчиёни иҷлосия ба музокира баромада, таклифу пешниҳоди худро доир ба вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ, саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани лоиҳаҳои ҷашнӣ баён намуданд.