АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: РӮЗИ ИФТИХОР ВА САДОҚАТ БА ВАТАН
Имрӯз дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бахшида ба “Рӯзи даъватшаванда” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини комиссариати ҳарбӣ, падару модарони даъватшавандагон ва худи ҷавононе, ки ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд, иштирок карданд.
Дар суханронии худ Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид баён доштанд, ки худ низ замоне дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихор хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва аз он давра бо эҳсоси баланди масъулияту ватандӯстӣ ёд мекунанд.
Мавсуф иброз доштанд:
«Ман бо тамоми ифтихор мегӯям, ки хизмати ҳарбиро адо намудаам ва ҳар лаҳзаи он маро дар мактаби мардонагӣ, садоқат ва масъулияти шаҳрвандӣ тарбия кард. Ба ҳар яке аз шумо, ҷавонмардони далер, ки имрӯз бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати Модар-Ватан меравед, ифтихор мекунем. Шумо муҳофизони ояндаи истиқлол ва суботи миллӣ ҳастед!»
Раиси ноҳия даъватшавандагонро ба шуҷоату интизоми олии ҳарбӣ ҳидоят намуда, ба онҳо хизмати пуршараф ва барору комёбӣ таманно карда, табрикоти самимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Давлаталӣ Саидро ба ҷавонон расонид.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия – Қосимӣ Назокат, низ бо суханрониҳои тарбиявию ватанпарварона ба ҷавонон рӯҳбаландӣ бахшида, хизмати Ватанро шараф номиданд.
Роҳбари Шӯрои башардӯстони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафарбек Наджмудинов, ҳамчун шахси таҷрибадор ва собиқадори хизматӣ, дар назди ҷавонон суханронӣ намуд.
Ӯ бо ифтихор аз солҳои хизмати худ ёдовар шуд:
«Хизмат дар сафи Артиш мактаби воқеии мардонагӣ, садоқат ва ватандӯстист. Ман солҳои ҷавониамро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо сари баланд паси сар кардам ва маҳз ҳамин солҳо дар қалби ман ҳисси ифтихор аз Ватан ва масъулият дар назди халқу давлатамро тақвият бахшид».
Сафарбек Наҷмудинов ҷавононро ба хизмат бо эҳсоси ифтихор, интизоми баланд ва садоқат ба арзишҳои миллӣ даъват намуда, таъкид дошт, ки ҳар як ҷавон бояд ба хизмат ҳамчун қарзи муқаддас нигарад.
Дар идомаи чорабинӣ, Довудхонова Гулнора бибии ду нафар даъватшаванда – Шукруллоҷон ва Файзалиҷон Нуралиевҳо, аз ҳисси баланди ватанпарастӣ ва тарбияи насли шуҷоъ сухан намуда, ба набераҳояш ва дигар ҷавонон дуои нек дод.
Даъватшавандаи фаъол Воҳидов Амирҳамза ба ҳайси намояндаи ҷавонон суханронӣ намуда, зикр кард:
«Мо, ҷавонон, ифтихор дорем, ки имрӯз соҳиби давлати озоду мустақил, Артиши неруманди миллӣ ва роҳбари хирадмандем. Ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ рафтан на танҳо қарзи шаҳрвандии мост, балки нишони мардонагӣ ва садоқат ба модар-Ватан мебошад. Бовар дорам, ки ҳамаи ҳамсафонам хизматро бо сари баланд, ифтихор ва масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард».
Барномаи фарҳангии омоданамудаи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия ба чорабинӣ рӯҳу таровати хоса бахшид.
Дар интиҳо даъватшавандагон бо парчами миллӣ ва гулчанбар бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ гуселонида шуданд.