АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: НАТИҶАГИРИИ ҶАМЪБАСТИ НУҲМОҲАИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДИИ НОҲИЯ

Хабарҳо

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷаласаи васеи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми нуҳ моҳи соли 2025 баргузор гардид.

Маҷлис таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, бо иштироки муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Нусратулло, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Раиси ноҳия муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид маҷлисро ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва аҳамияти баррасии натиҷаҳои нуҳмоҳаро таъкид кард. Сипас, муовини якуми раиси ноҳия Мусозода Абдухолиқ Исо ҳисоботи муфассалро оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ пешниҳод намуд.

мачлиси 9 мохаи 2025 абдурахмони чоми

Дар рафти муҳокима роҳбарони идораву бахшҳои марбута доир ба фаъолияти сохторҳои худ дар ин давра сухан гуфта, масоили мубрамро баррасӣ намуданд.

Мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Файзализода Сайдалӣ фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар нуҳ моҳи соли равон қаноатбахш арзёбӣ карда, пешниҳодҳои мушаххас доир ба беҳтарсозии идоракунии соҳа ироа намуд.

 

мачлиси 9 мохаи 2025 абдурахмони чоми

Дар фарҷом, раиси ноҳия ба меҳмонон ва иштирокчиёни маҷлис барои ҳамкорӣ ва пешниҳодҳои судманд изҳори миннатдорӣ карда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки ҷиҳати иҷрои босифати нақшаҳои солона тадбирҳои мушаххас андешанд.