
Дар мавсими имсолаи пахтачинӣ, бо вуҷуди гармии шадид ва хушксолии зиёд, кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавонистанд ҳосили фаровони пахта рӯёнанд.
Чорабиниҳои саривақтӣ ва тадбирҳои муассире, ки аз ҷониби раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, ҷамоатҳо ва хоҷагиҳо роҳандозӣ гардиданд, ба ҷамъоварии босамари ҳосил мусоидат намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки пахтакорон ноҳия нақшаи ҷамъоварии пахтаро 100 фоиз иҷро намуда, то имрӯз 16 ҳазору 600 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки чунин дастовард дар даврони соҳибистқлолӣ бори аввал ба кишоварзону пахтакорони ноҳия муяссар шудааст, ки барои тамоми мардуми заҳматкаши ноҳия рӯйдоди таърихист.
Дар ҳудуди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол дар майдони 8101 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дар ноҳия 2301 хоҷагии пахтакор буда, пахтакорон талош доранд, ҳосили боқимондаро беталаф ҷамъоварӣ намоянд.
Бо талошу заҳмати пайвастаи деҳқонон ва сафарбарии фаъолонаи аҳолӣ, нақшаи пахтасупорӣ пурра иҷро гардида, ноҳия ба яке аз пешсафони вилояти Хатлон табдил ёфт.