АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: ҚАДРДОНИИ РАИСИ НОҲИЯ БАРОИ ИҶРОИ НАКШИ ПАХТА

Рӯйдодҳо

Боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки дар мавсими имсолаи ҷамъоварии ҳосили пахта, ноҳияи мазкур яке аз аввалинҳо шуда, нақшаи дурнамои истеҳсоли “тиллои сафед”-ро ба пуррагӣ таъмин кард.
қадрдонии раис
Дар робита ба ин дастовард, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бо Ифтихорнома ва тӯҳфаи молиявӣ аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид қадрдонӣ гардид. Ин қадршиносӣ натиҷаи роҳбарии самаранок, ташаббусҳои созанда ва ҳамоҳангсозии дурусти фаъолияти хоҷагиҳои пахтакорӣ дар ноҳия мебошад.

Маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи раиси ноҳия ва иштироки фаъолонаи сокинон, кишоварзон, раисони ҷамоатҳо ва дигар сохторҳои марбута, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ тавонист дар муҳлати кӯтоҳ иҷрои пурраи нақшаи пахтаро таъмин намояд.

Ҳамин гуна натиҷаҳо бозгӯи онанд, ки меҳнати содиқона, масъулияти баланд ва ҳамкории дастҷамъона метавонанд кишоварзиро ҳамчун соҳаи муҳимми иқтисодӣ рушд бахшанд ва барои таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас гузоранд.

Қадрдонии мазкур на танҳо ба раиси ноҳия, балки ба тамоми сокинони заҳматкаши он тааллуқ дошта, рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар дар оянда.