АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ: КОРҲОИ РОҲСОЗӢ ВА МУМФАРШКУНӢ…

Хабарҳо

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд.

Дар заминаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ҷамоатҳо густариш ёфтаанд.

Бо супориши Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Яккатут зиёда аз 2 километр роҳ мумфарш гардид. Роҳе, ки тӯли солҳои зиёд дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо амалӣ шудани ин иқдоми созанда ба як бахши муҳими инфрасохторӣ табдил ёфта, ҳоло рафтуомади сокинон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шаҳрвандон осонтар гардид.

Зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ муҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Қосимӣ Назокат бо масъулини муассисаи роҳсозӣ, шахсони масъул ва фаъолони маҳаллӣ мулоқот анҷом дода, доир ба зарурати таъмини шаффофият, устувории пойдевори роҳ ва нигоҳдории минбаъдаи он таъкид намуданд.

Роҳи мазкур солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, бо мумфаршкунии он мушкилоти сокинону хонандагони мактаби номбурада ҳал хоҳад шуд.

Корҳои роҳсозӣ ва мумфаршкунӣ аз тарафи мутахассисони ТИ “Роҳсоз” -и Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА-Роҳсоз) -и ноҳия бароҳ монда шудааст.

ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ ВА ИТТИЛООТ