САҲМИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА

Хабарҳо

САҲМИ АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА
чамъоварии пахта абдурахмони чоми
Дар доираи нақшаи амалии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳашари умумиҷумҳуриявӣ ҷиҳати кӯмак ба деҳқонон дар маъракаи пахтачинӣ баргузор гардид. Дар он Муовини якуми Раиси ҲХДТ Маликшо Неъматзода, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед, як қатор роҳбарони ташкилоту идораҳо ва фаъолони ҷомеа ширкат намуданд.
Ҳашар дар заминҳои Хоҷагии деҳқонии “Дубеда”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Вахшони ноҳия доир гардида, ҳизбиёни ҲХДТ дар пахтачинӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Хоҷагӣ дорои 32 гектар замин буда, имсол дар 20 гектар пахта кишт шудааст, ки аз он 15 гектар бо усули зери плёнка аст. Илова бар ин, дар 2 гектар боғ, 20 сотих гармхона ва 1 гектар пиёз парвариш меёбад. Хоҷагӣ ба парвариши пахта, пиёз ва дарахтони мевадиҳанда машғул аст.
Маликшо Неъматзода фаъолияти хоҷагиро назаррас арзёбӣ намуда, саҳми онро дар таъмини амнияти озуқавории кишвар муҳим арзёбӣ кард.
чамъоварии пахта абдурахмони чоми
Имсол дар ноҳия дар майдони 8101 гектар пахта кишт гардида, 570 гектари он бо усули зери плёнка парвариш ёфтааст. То имрӯз 15 730 тонна пахта ҷамъоварӣ ва ба хирман супорида шудааст, ки 95% нақшаро ташкил медиҳад.
Иқдоми мазкур намунаи равшани пуштибонии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, саҳми ҳизбиёнро дар рушди соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳад.