М. ҶАББОРӢ: «Ободии диёр аз мо, занон вобастагии зиёд дорад»
02.09.2014

 

14 августи соли 2014 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ба мақсади шиносоӣ бо вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва силсилаи сӯҳбатҳо бо занону духтарони  ноҳияамон сафари корӣ анҷом дод.

Муовини Сарвазир нахуст аз корхонаи тозабунёди ҳунарҳои дастӣ, фаъолияти қолинбофони ҶДММ «Гулвар» дехоти «Яккатут»- ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ боздид ба амал оварда, ба ҳунармандии 20 нафар ҷавондухтарон, ки бо шавқу завқи зиёд  машғули кор буданд офарин гуфт. -Ин қолинҳое, ки шумо шогирдона ба бофтанаш оғоз кардаед, аз қолинҳои ҳунармандони эронӣ фарқ надорад,- гуфт Марҳаббо Ҷабборӣ,- ин нишонаи он аст, ки занону духтарони тоҷик кадом ҳунареро, ки пеша кунанд онро бо дараҷаи баланд расонида метавонанд.

Дар ҳақиқат қолинҳои дастие, ки дар муҳити хона, бо истифода аз дастгоҳҳои басо оддӣ бофта мешавад, аз соҳибзавқӣ ва дасти ҳунар доштани гулдухтарони маҳал дарак медиҳад.   

Боиси қайд аст, ки ин корхона баъди он, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар истеҳсолот ба роҳ мондани ҳунарҳои дастӣ дастур доду манфиати онро бо далелҳо фаҳмонид, кушода шуд ва алъон дар вилоят аз аввалинҳост.

Илова бар он, ки духтарон бо шавқ ба қолинбофӣ машғуланд, маъмурияти корхона,  ҳамчунин барои 10 нафар сехи дӯзандагӣ кушодааст, ки таҳти омӯзиши нозукиҳои ин касб аз ҷониби Шералӣ Холиқов гулдухтарон ба духтани либоси мактабӣ машғуланд.

«Ободии диёр аз мо, занон вобастагии зиёд дорад»,-иброз дошт муовини Сарвазир М. Ҷабборӣ ҳини мулоқот бо занону духтарони хоҷагии деҳқонии «Равшан», аз ҳамин ҷамоати деҳот ва афзуд, ки агар бо дасту дили гарм аз пайи  ободонии диёр бошем, дастуру таваҷҷуҳҳои Сарвари давлатро пайгир бошем зиндагии арзандаву шоистаро муваффақ хоҳем шуд. Дар шароите, ки масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, пойдории оилаҳои ҷавон масъулияти бештар металабад, волидон, махсусан занонро зарур аст дар тарбияи фарзанд, баҳри ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ба ҳадафи ниҳоии давлату ҳукумат- расидан ба зиндагии арзанда, муваффақ гардем.

Ҳамин нуқтаро муовини Сарвазир дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг ва омӯзгорони ноҳия ёдовар шуда, махсус қайд намуд, ки ин тойифаи зиёиён бояд дар нигаҳдошти солимии ҷомеа, маърифатнокии  мардум ва таълиму тарбияи насли наврас бештар саҳм дошта бошанд. Имсол, ки 600 солагии олим, мутафаккир, шоири ҳикматпарвари тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ҷашн гирифта мешавад, он барои мардуми ноҳияи ҳамном бояд соли махсус бошад. Ба шарафи бузургдошти ин андарзомӯзи ҳама давру замон саҳми зиёиён дар баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа ва шинохти ин абармарди олами маонӣ зиёдтар аз ҳама бояд бошад.

Дар ҷумла, вохӯриҳои судманде, ки муовини Сарвазири мамлакат М. Ҷабборӣ бо фаъолони арсаи меҳнат дошт, намояндагони касбу кори гуногун бо боварӣ ва изҳори дастгирӣ аз дастуру супоришхои ҳидоятманди Президенти мамлакат  Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки баҳри пешравии истеҳсолот, ободонии маҳал  собитқадам  хоҳанд буд.

Дар ҷараёни сафар М.Ҷаббориро муовини раиси вилоят Шерзода С. Ш ҳамроҳӣ карданд.

Коментария


Ном:

Почтаи электрони:

Коментария:

Хабарҳо
ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ...   ВАҚТЕ ҲНИ ЖУРНАЛИСТ МЕКУШТ...   Расо 21 сол пеш, замоне, ки Муҳиддин Кабирӣ узви раёсати ҲНИ буд, бо амри ин ҳизб каллабур-килеронаш дар Душанбе тавонотарин ...

2020-07-15
ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " Ин филмро бо 3 забони тарчумон карда   шудааст ва воқеан таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва ...

2020-07-10
ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " Ин филмро бо 3 забони тарчумон карда   шудааст ва воқеан таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва ...

2020-07-08
ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ ХИЁНАТ БО ЗАБОНҲОИ "РУСӢ, АНГЛИСӢ ВА АРАБИ " Ин филмро бо 3 забони тарчумон карда   шудааст ва воқеан таърихи бисёр ҳодисаҳои ваҳшиёна ва ...

2020-07-08
Дар бораи сайт
МАЪЛУМОТИ мухтасар дар бораи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба 01.06.2014 сол)        Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои шимолии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб  рафта, 29 августи соли 1930 ташкил ёфтааст. Он ба ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Бохтар ва  шаҳри Сарбанд ҳамсарҳад аст. Марказаш шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Масоҳати ...
Муфассал
Пурсиш
Ба Шумо нохияи А.Чоми писанд омад?
Ха
Не
Наонкадар
Бисёр хам
РРОО
РЕЗУЛТАТЫ
Ташрифовардагон
0 7 7 8 0 0
Имруз 108 Хамин ҳафта 165 Ҳамин моҳ 333 Ҳамаги 77800