МАЪЛУМОТИ мухтасар дар бораи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба 01.06.2014 сол)

       Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои шимолии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб  рафта, 29 августи соли 1930 ташкил ёфтааст. Он ба ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Бохтар ва  шаҳри Сарбанд ҳамсарҳад аст.

Марказаш шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 68,2 ҳазор метрии мураббаъ ва аҳолиаш   беш аз 150 ҳазору 172 нафарро ташкил медиҳад. Иқлими ноҳия хушк буда, дар тобистон ҳарорати миёнаи ҳаво то ба 35-40 дараҷа гармӣ мерасад.

     Ноҳия дар аввал бо номи Арал, баъд Куйбишев ва Хоҷамастон ном бурда мешуд. Дар асоси Қарори Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004  номи ноҳияи Хоҷамастон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ иваз карда шудааст.

      Дар ҳудуди маъмурии ноҳия 1 Ҷамоати шаҳрак ва 7 Ҷамоати деҳот амал мекунанд. Дар онҳо намояндагони халқияту миллатҳои гуногун аҳлона кору зиндагӣ мекунанд.

     Масоҳати умумии заминҳои ноҳия 58776 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 19048 гектараш замини обӣ мебошанд.

     Ноҳия ҳамчун ноҳияи аграрӣ маҳсуб меёбад. Мардум асосан ба пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ машғул мебошанд.

       Дар ноҳия беш аз  1367 ташкилоту муассиса амал менамояд, ки аз 1264 ададаш хоҷагиҳои деҳқонианд, аз ин 25 хоҷагиҳои омехта бо чорводорӣ, 2 хоҷагии тухмипарварӣ, 1 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 5 хоҷагии боғдорӣ машғул ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзианд.

        Дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ, 5 ташкилоти сохтмонӣ, идораи алоқа, 2 корхонаи нақлиётӣ, идораи коммуналӣ, корхонаи нонпазӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, идораи пилла ва ғайра амал мекунанд.

         Дар ноҳия 63 мактаби таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 46 мактаби миёна, 10 мактаби асосӣ, 7 мактаби ибтидоӣ ва литсей-интернати бачагони болаёқат фаъолият менамоянд. Ба таълиму тарбияи 31996 нафар толибилмон, 1389 нафар омўзгорон ва мураббиён машғул мебошанд.

Ҳамчунин фаъолияти 6 муассисаи томактабӣ ва 1-муассисаи беруназмактабӣ ба роҳ монда шудааст.

      Барои тарбияи мутахассисон дар соҳаи маориф дар ноҳия гуруҳҳои таълимии Коллеҷи омўзгории назди Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа фаъол аст.

       Барои рушди соҳаи фарҳанги ноҳия; Кохи фарҳангӣ, хонаи фарҳангии типпи шаҳрӣ, Китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, мактаби санъати бачагона, боғи фарҳангӣ ва осорхона фаъолият доранд.

       Баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ноҳия беморхонаи марказӣ, Маркази саломатӣ, 51 бунгоҳҳи саломатӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, Маркази бемориҳои сил, Маркази беҳдошти саломатӣ, шуъбаҳои муолиҷавӣ, бемориҳои сироятӣ, гушу гулу ва бинӣ фаъолият доранд. Дар ин муассисаҳо беш аз 793 нафар кормандони пуртаҷрибаи тиб кор мекунанд, ки беш аз 116 нафарашон маълумоти олӣ доранд.

       Варзиш ҳамчун соҳаи муҳим ва пешрафта дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Садҳо нафар варзишгарон дар ноҳия кору фаъолият доранд ва беш аз 18 нафари онҳо дорои унвони баланди варзишӣ мебошанд.

      Дастовардҳои  варзишгарони ноҳия назаррас аст. Ҳоло дар мактаби варзишии ноҳия аз рўйи 10 намуди варзиш машғулиятҳо гузаронида мешавад, ки дар онҳо зиёда аз 400 нафар варзишгарони ҷавон маҳорати варзишии худро сайқал медиҳанд.

      Варзишгарони ҷавони ноҳия пайваста дар мусобиқоти варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби  ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Хабарҳо
ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ -ХИЁНАТ- ҚИСМИ 5 ТОҶИКФИЛМ ТАҚДИМ МЕКУНАД ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ "ХИЁНАТ". ҚИСМИ 5.   Дар филми мустанади «Хиёнат» қисми 5 кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли таш...

2020-09-23
Коронавирус хатар ё Кабирӣ? Ман як тоҷики мусофир, дур аз ватанам. Умедворам, ки ин номаи маро бетаҳрир чоп мекунед. Агар чоп накунед, шумо ҳам мисли Кабирӣ хиёнаткоред. Имшаб  филми Хиёнат...

2020-09-18
ФИЛМИ "ХИЁНАТ" ҚИСМИ 4 https://www.youtube.com/watch?v=lSy-ckWARus  Дар филми мустанади «Хиёнат» кирдорҳои нобахшидании сарвар ва аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳз...

2020-09-18
Аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон»-и вилояти Суғд номзадии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти ҶТ дастгирӣ намуданд ДУШАНБЕ, 17.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 сентябр дар толори китобхонаи ба номи «Тошхӯҷа Асирӣ»-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маънавиёт...

2020-09-17
Дар бораи сайт
МАЪЛУМОТИ мухтасар дар бораи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (ба 01.06.2014 сол)        Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз ноҳияҳои шимолии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб  рафта, 29 августи соли 1930 ташкил ёфтааст. Он ба ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Бохтар ва  шаҳри Сарбанд ҳамсарҳад аст. Марказаш шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Масоҳати ...
Муфассал
Пурсиш
Ба Шумо нохияи А.Чоми писанд омад?
Ха
Не
Наонкадар
Бисёр хам
РРОО
РЕЗУЛТАТЫ
Ташрифовардагон
0 8 4 1 8 1
Имруз 110 Хамин ҳафта 167 Ҳамин моҳ 335 Ҳамаги 84181