Мӯсозода Абдухолиқ Исо-муовини якуми раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Шарҳи ҳол
Мӯсозода Абдухолиқ Исо 9 январи соли 1972 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (собиқ ноҳияи Куйбышев) таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1995 факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.
Мӯсозода Абдухолиқ Исо фаъолияти меҳнатии худро аз солҳои 1988-1989 ҳамчун аъзои бригадаи истеҳсолии пахтакории №23, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз намудааст.
-Соли 1990 (01-06) мудири филиали китобхонаи №18-и китобхонаи марказии ноҳия,
-Солҳои 1990-1995-донишҷӯи факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон,
-Аз моҳи март то декабри соли 1996-котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Ба пеш», (имрӯза «Баҳористон») ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Солҳои 1996-1998-мутахассиси шуъбаи маънавиёти Дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Солҳои 1998-2000-мутахассиси шуъбаи иқтисоди ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Аз моҳи феврал то августи соли 2001-сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои роҳбарикунандаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Солҳои 2001-2005-мудири шуъбаи оид ба масъалаҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибати байни миллатҳои Дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Аз июл то декабри соли 2005-роҳбари Маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон,
-аз 27 декабри соли 2005 то 27 феврали 2013-сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Баҳористон», ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-аз 27 феврали 2013 то 9 декабри соли 2019-Роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ,
-Солҳои 2019-2021-Сармуҳаррири рӯзномаи «Баҳористон», ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолият намудааст.
Аз 14 январи соли 2021 то ҳол дар мансаби муовини якуми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор мекунад.
Аълочии матбуот ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Оиладор соҳиби 5 фарзанд.