Дар доираи аксияи “Дастгирии ниёзмандон” дар арафаи иди Саиди Фитр ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд,
ятимони кулл, маъюбон аз тарафи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон
ба 130 нафар шаҳрвандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва 26 нафар ятимони кулл кумаки яквақта дар намуди маводи ғизоӣ ва кумакҳои пули расонида шуд.