Баргузории озмуни ноҳиявии “Оилаи намунавӣ”

Хабарҳо

Тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 №АП-470 “Оид ба ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Оилаи намунавӣ” ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар доираи чорабини бо иштироки оилаҳои намунавӣ аз ҳудудӣ ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оилаҳои Султоновҳо, Азизовҳо, Мирзоҷоновҳо, Тураевҳо, Саидовҳо, Каримовҳо ва Раҳмоновҳо , ки оилаҳои рӯзгордидаю намунавӣ ҳисобида мешаванд даъват шуда иштирок намуданд.

Дар охири чорабини аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда барои болираруҳии иштирокчиён барномаи консерти аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаш карда шуд.