Савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии №87740 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Рӯйдодҳо

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохторҳои Мусаллаҳи муташаккил ва касбӣ мебошанд, ки ба савганди ҳарбии Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ буда қодиранд , ки давлату халқро бо шаъну шараф дифо намоянд.

Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар қисми низомии 87740 дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чорабиниҳои маърифатӣ фарҳангӣ доир намуда наваскарон савганди ҳарби ёд карданд.Дар чорабини раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон иштирок намуда

наваскаронро бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва санаи фархунда қабул намудани савганди ҳарбӣ табрику муборакбод намуда барои фаъолияти пурсамар ба навъи шукуфоии ватани маҳбубамон, таҳкими иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар давоми адои хизмати ҳарбӣ содиқ будан ба савганди ҳарбиро орзу намуданд.