вохӯрии муовини раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Абдусаломзода Анзурат бо сокинони аҳолии ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Хабарҳо

Дар Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон ва муовини раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Абдусаломзода Анзурат, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва сокинони Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрии судманд доир гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолони ҷамоат омӯзгорон, ходимони дин ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд, масъалаҳои марбут ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, омодаги ба соли хониши нав, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, хештаншиносию ватандӯстии ҷавонон, пешгирии хурофотпарастӣ, амалҳои номатлуб, зиёдаравии аснои баргузории маросиму маъракаҳои мардумӣ, коҳиш додани рафтани умра, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, ҷилавгирии зуҳуроти номатлуб дар миёни ҷавонону наврасон, занон ва дигар табақаҳои ҷамъият, пешгири аз фарҳанги бегона ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангии миллати тамаддунофари тоҷик матраҳ гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корӣ, ҷалби бештари фаъолон дар ҳалли масоили аҳамияти маҳаллидошта, ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ, вусъатбахшии раванди корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, истифодаи дурусти замин, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи дусолаи маводи хӯрока, вусъати кишту кори такрорӣ, рангубори намои биноҳои муассисаҳоитаълимӣ, ба роҳ мондани тадбирҳои ободонию кабудизоркунӣ, сафарбар намудани аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак, танзими анъана ва ҷашну маросим, пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, раиси ҷамоат, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони кумитаҳои маҳалла вазифадор карда шуданд.