9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ташриф оварда, нахуст бинои 5 ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Лозим ба таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат нисбат ба хизматчиёни давлатӣ дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар чунин биноҳои истиқоматии хизматӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар натиҷа чандин оилаҳо соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити зисту зиндагонӣ дар ҳуҷраҳои истиқоматии навбунёд ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба роҳбарони вазорату идора ва муассисаҳое, ки кормандонашон соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, барои фаъолияти содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ин бинои хуштарҳу зебои истиқоматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар дар доираи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматчиёни давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ номида шуд.