Бо самимияти амиқ ва эҳсоси баланди ифтихор ҳамаи кормандони шуҷоъ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик — ҷашни касбии ҳомиёни сулҳу субот ва тартиботи ҷамъиятӣ, табрику таҳният мегӯям.

Дар ҳама давру замон суботу амният ва тартиботи ҷамъиятӣ аз заминаҳои асосии пойдории давлат ва рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбад. Имрӯз, низ иҷрои ин вазифаи ҳаётан муҳим бар дӯши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла милитсияи тоҷик вогузор шудааст.
Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа, дар таъмини волоияти қонун, амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва таҳкими суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши назаррас доранд.
Бо пуштибонии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои беҳтар намудани шароити кору фаъолият, таҳкими пояҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, ҷалби кадрҳои ҷавон ва ташкили шароити мусоиди хизмат пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оянда низ, дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити фаъолияти кормандони милитсия, мусоидат ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими ҳамкории мутақобила бо аҳолӣ ва боло бурдани сатҳи хизмати соҳа тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Бо истифода аз фурсат, ҳайати шахсии ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва собиқадорони соҳаи милитсияро ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик — иди касбии муҳофизони тартибот ва оромии ҷомеа — аз номи худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сидқан табрик мегӯям.
Ба ҳар яки шумо дар фаъолияти хизматӣ муваффақият, иродаи қавӣ, рӯҳи ватандӯстӣ, адолатпешагӣ ва дар зиндагӣ саодати хонаводагӣ, тандурустии комил ва рӯзгори ободу осударо таманно дорам.
Рӯзи милитсияи тоҷик муборак бод!