Сухани табрикии раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Амирзода Маҳмуд Ҳамид бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо сидқан табрик гуфта, бароятон тинҷиву амонӣ, бахту иқболи баланд, сарбаландиву дастовардҳои тоза орзумандам.
Қонуни асосии кишвар — Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз буда 6- уми ноябири соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқи қабулкарда шуда, он заминаи устувори давлатдории навини тоҷикон, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пойдории сулҳу субот ва рушди босуботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи мо ба мо имконият фароҳам овард, то давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоии худро устувор гардонем.
Бигзор ин санаи фархунда, ки аз рукнҳои муҳими пояи давлатдории навини тоҷикон маҳсуб меёбад, моро ба ваҳдату созандагӣ, меҳанпарастиву худшиносии миллӣ боз ҳам бештар ҳидоят намояд.
Таҷлили 31- умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.