Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Хабарҳо
Субҳи имрӯз таҳти раисии раиси иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия , раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мӯҳтарам Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон Иҷлосияи 25-уми  Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Дар ҷараёни баргузории иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мӯҳтарам Сафаров Шоди иштирок доштанд.
Дар кори иҷлосия масъалаҳои
-дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020, №570 “Дар бораи Барномаи рушди ҳунарманди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2021-2025”,
-дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ гардонидани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаҳои интихоботии № 3, 22 ва 38;
-дар бораи ба таъхир гузоштани интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии №3, 22 ва 38;
-тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия;
Пас аз маърузаи муовини раиси ноҳия Ниъмонзода Ш.М. вакилони ноҳиявӣ Салимов Маҳмадёқуб, Наҷмиддинов Сафарбек ва Буризода Акбар ба музокира баромада оид ба масъалаҳои таъмини иҷрои Барномаи рушди ҳунармандӣ ва зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ таклифу пешниҳодҳо баён намуданд.
     Масъалаҳои баррасишуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда барои иҷро қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.