Хизмат ба Ватан шараф аст!

Рӯйдодҳо
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат , таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст, омадааст дар моддаи 43 -юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Бо ин мақсад, дар рӯзи аввали мавсими даъвати баҳорӣ аз маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷавонони даъватшуда дар даст шиор ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони варзишгоҳи марказӣ роҳпаймоӣ намуданд.
Дар оғози ҳамоиш раиси ноҳия Раҳимзода Сафармаҳмад Абдураҳмон сохторҳои марбутаи давлатӣ, комиссияҳои даъватӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва волидоне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хоҳиши ихтиёри хизмат намуданро доранд изҳори сипос намуд.
  Қайд гардид, ки бо талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё шуда, дар ҳамаи воҳидҳои низомӣ имрӯз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар доранд.
Дар рӯзи аввали даъвати баҳорӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия зиёда аз 100 нафар ҷавонон бо хоҳиши худ ба Комиссариати ҳарбии ноҳия барои шомил шудан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Дар ин рӯз даъватшавандагоне, ки курси ронандагиро хатм намуда буданд, ба онҳо ҳуҷҷати ронандагӣ супорида шуд.
   Дар чорабинӣ тибқи анъанаи миллӣ барои даъватшавандагон маросими нонгазон доир гардид.
 Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби таҳиянамудаи худро, ки аз суруду таронаҳои ватандӯстона иборат буд, пешкаши ҳозирин гардониданд.